Даҳшат: Дар Тоҷикистон ҷавони 19-сола падарашро бо як бераҳмӣ қатл кард

Ин ҳодисаи даҳшатбор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифтааст ва нисбати ин ҷавон тибқи моддаи 104 (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷинояти одамкушӣ рух додааст. Кормандони ВУД хабар медиҳанд, ки марди 47-сола бо як бераҳмии махсус аз ҷониби писари худ, ҷавони 19-сола кушта шудааст.
Манбаъ меафзояд, ҷиноят дар манзили истиқоматии ин хонавода рух дод ва сабабашро кормандони ин ниҳод муноқишаи оилавӣ арзёбӣ намудаанд.
Ҷузъиёти бештари ин ҳодиса зикр нашудааст, танҳо қайд гардидааст, ки писари 19-сола дар заминаи муноқишаи ба миёномада бо корд ҳафт маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими падараш зарба зада, ӯро куштааст.
“Аввал гӯр карда буданд”: Экспертиза куштори хушдоман аз сӯи келинро ошкор кард
"Ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабари вазорат.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати ин ҷавон, тибқи моддаи 104 (қисми 1)-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Бояд гуфт, ин модда маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 солро дар бар мегирад.