ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ҷойҳои муҳоҷиронро дар сохтмонҳои Русия метавонанд донишҷӯёни донишгоҳҳо ва коллеҷҳои махсус гиранд. Чунин пешниҳод ба муовини нахуствазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин ироа шудааст.
Ин идея дар Институти тадқиқоти иҷтимоӣ ва рушди ташаббусҳои шаҳрвандӣ изҳор шудааст.
Бо ин усул Русия метавонад ду масъалаи муҳим - норасоии коргарон дар сохтмонҳо ва ба қадри кофӣ омода кардани донишҷӯён аз рӯи касбашонро ҳал кунад.
Дар Институти тадқиқоти иҷтимоӣ ва рушди ташаббусҳои шаҳрвандӣ бар ин назаранд, ки муассисаҳои олӣ ва миёна вазифадор шаванд, ки ҷавононро ба сохтмонҳо дар доираи таҷрибаи истеҳсолии худ фиристанд. Чунин талабот бояд дар қонун ҷорй карда шавад.
Ба гуфти директори муассиса Максим Петунин, мушкили дар давраи таҳсил омода кардани бинокорон доимӣ аст. Кор дар ташкилотҳои махсусгардонидашуда ба онҳо имкон медиҳад, ки таҷриба андӯхта, ба кор аз рӯи ихтисоси худ омода бошанд.
Ҷалби донишҷӯён ба татбиқи нақшаҳои мақомот барои даст кашидан аз хидмати муҳоҷирон мусоидат мекунад.
Қаблан Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дастур дода буд, ки теъдоди хориҷиён дар сохтмонҳои пойтахт коҳиш дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин корҳо бояд “шахсони дигар ва бо маоши дигар” кор кунанд.