Беҳтарин усули омода кардани тухм

Тухм беҳтарин манбаъи сафеда дар феҳристи ғизоҳои сафедадор мебошад, он ба осонӣ ҳазм мешавад ва таркиби идеалии аминокислотаҳо дошта, аз гӯшт ҳам муфидтар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ғизошинос, гастроэнтеролог, блогнависи кулинарӣ Нурия Дианова дар бораи манфиатҳои яке аз маъмултарин ғизои субҳона сухан гуфт.
Тухм маҳсулоти серғизо мебошад, гуфт духтур.

"Аз ҷиҳати таркиб тухм, бешубҳа, манбаъи витаминҳои муфид аст. Он беҳтарин манбаи сафеда дар феҳристи ғизоҳои сафедадор мебошад, ҳазми он ба таври идеалӣ осон аст ва таркибаш аминокислотаҳо дорад, ҳатто аз гӯшт ҳам беҳтар аст", - шарҳ дод Нурия Дианова дар мусоҳиба бо радиои Sputnik.

Ба гуфти ин ғизошинос, зардии тухм аз летситин бой аст, ки ба чашмон таъсири мусбат дораду аз витамини А низ ғанӣ буда, дигар навъи микроэлементҳо низ дорад.
Оқибати ногувори истеъмоли ҳаррӯзаи макарон
Дар баробари ин тухмро бадани инсон вобаста ба усули пухтанаш ҷазб мекунад.
Ба қавли Дианова, аз ҳама зуд омлет, каме мушкилтар тухми бепӯст ҷӯшонидашуда, тухми пухташуда ҳамчун як қисми сэндвич бо иловаҳои гуногун бадтар ҳазм мешавад.
Рустание, ки ҷисми инсонро пок мекунад
Тухми ҷӯшонидашуда низ мушкил ҳазм мешавад ва ин рӯйхатро тухми хом ба анҷом мерасонад, ки аз ҳама бадтар дар ҷисми инсон ҳазм мешавад.