Баррасии иҷрои тафоҳумномаи кишоварзии Тоҷикистону Эрон

Сафири Эрон дар Тоҷикистон ва вазири кишоварзии ин кишвар дар бораи иҷрои тафоҳумномаи ҳамкории кишоварзии дуҷониба табодули назар карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар сафҳаи "Инстаграм"-и худ навиштааст, ки бо Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кардааст.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон хабар додааст, дар дидор бо вазири тоҷик иҷрои тафоҳумномаи ҳамкории ду кишвар дар бахши кишоварзӣ, ки дар ҷараёни сафари сентябри гузаштаи Сайидиброҳими Раисӣ, Раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ба имзо расид, табодули назар карда шуд.
Муҳаммадтақии Собирӣ ҳамчунин таъкид кардааст, ки зимни мулоқот тарафҳо тавсеаи заминаҳои ҳамкорӣ ва тақвияти муносиботи Эрон ва Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи кишоварзиро низ баррасӣ намуданд.
Эрону Тоҷикистон 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, тарафҳо зимни дидор дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҳифзи растаниҳо аз касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли тухмиҳои сертификатсияшуда, омӯзиши мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ибрози назар карданд.
Бояд гуфт, тибқи маълумоти оморӣ, тиҷорати миёни Тоҷикистону Эрон дар даҳ моҳи соли равон 74538,5 ҳазор долларро ташкил медиҳад.