ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Аз сеюми декабр Қазоқистон қоидаҳои вурудро сангинтар кард ва ҳаракати ҳавоӣ бо кишварҳоеро, ки ҳолатҳои сироятёбӣ ба штамми коронавируси нав - "омикрон" ошкор шудааст, мутаваққиф кард, менависад Sputnik Қазоқистон.
Ҳамчунин мақомоти ин ҷумҳурӣ барои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз баъзе кишварҳо маҳдудият ҷорӣ мекунанд.
Ба гуфтаи муовини вазири тандурустии Қазоқистон Марат Шоранов, вуруди шаҳрвандони Ботсвана, Лесото, Зимбабве, Мозамбик, Мадагаскар, Эсватинӣ, Танзания ва Ҳонконг ба ин ҷумҳурӣ маҳдуд карда мешавад.
"Бо дарназардошти пайдоиши штамми нави коронавирус - "омикрон" ва бо мақсади пешгирӣ аз ворид шудани он ба қаламрави ҷумҳурӣ тасмим гирифта шуд, ки аз сеюми декабр як қатор чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ карда шаванд", - гуфт ӯ.
Инчунин, аз 3 декабри соли равон дар Қазоқистон барои шахсоне, ки аз кишварҳое, ки ҳолатҳои штамм нави коронавирус ошкор шудааст (Исроил, Чехия, Нидерландия, Бритониёи Кабир, Италия, Олмон, Австралия, Канада), омадаанд, супоридани ташхиси ПСР ҳатмӣ мешавад.
Шахсоне аз кишварҳое омадаанд, ки дар онҳо ҳолатҳои сирояти коронавирус аз штамми "омикрон" ошкор шудааст, новобаста аз натиҷаи санҷиши ПСР бояд дар давоми ҳафт рӯз карантин шаванд.
"Дар ин робита шуъбаҳои Кумитаи назорати санитарию эпидемиологиро зарур аст, ки ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи шахсони воридшуда маълумот пешниҳод намуда, дар сатҳи дармонгоҳҳо назорати фосилавӣ ба роҳ монанд", - гуфт Шоранов.
Афзун бар ин Қазоқистон парвозҳо бо Мисрро қатъ мекунад.