Пойгоҳи 201-и Русия дарси омодагиҳои ҷангиро ду баробар зиёд мекунад

Фармондеҳии Ҳавзаи низомии марказии Русия омодагиҳои ҷангиро дар пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон вусъат медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Пойгоҳи низомӣ аз аввали соли таълимӣ, ки якуми декабр оғоз мешавад, омодагиҳои ҷангиро ду баробар бештар мекунад, хабар дод дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Русия.
Полковник Евгений Охрименко, иҷрокунандаи вазифаи фармондеҳи пойгоҳи 201-ум таъйид кард, ки аз якуми декабр омодагиҳои ҷангӣ афзоиш меёбанд.

"Аз ҷумла барои ронандаҳои мошинҳои ҷангӣ ҳудуди ҳазор дарси ронандагӣ гузаронда мешавад, беш аз се ҳазор дарси дигар марбути оташкушоӣ, тактикӣ ва омодагии махсус хоҳад буд", - омадааст дар иттилоия.

Барои халабонҳо соатҳои иловагии парвоз зам шудаанд, то шеваҳои мушкили ҳаракат дар шароити кӯҳсорро тамрин намоянд.
Таъкид шудааст, ки дар размоишгоҳҳои Лоҳур ва Самбулӣ заминаи моддӣ - техникӣ пурра фароҳам шуда, синфҳои дарсӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.
Шӯрои амнияти Русия аз фитнаи Киев дар наздикии марз ҳушдор дод
Инчунин барои дарсҳои амалӣ беш аз 500 нишони сайёру беҳаракат омода шудаанд, ки нақши худрав, зиреҳпӯш, ҳайати шахсӣ ва маҷмааҳои зиддитанкиро иҷро хоҳанд кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, дар мавсими зимистон низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия ҳудуди 40 размоиш мегузаронанд.
Маврид ба зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар мебошад, ки дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе ҷойгир шудааст.