Оё новшиканҳои нерӯи баҳрии ИМА ба ҷанг барои Украина омодаанд?

Иёлоти Муттаҳида қобилияти технологӣ надорад, ки барои манфиатҳои худ ва қаламраваш дар Украина ё барои Украина бо Русия бидуни хатар мубориза барад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Размоишҳои муштараки иғвогаронаи Пентагон ва НАТО бо нерӯҳои мусаллаҳи Украина (Гурҷистон, Молдова) дар минтақаи баҳри Сиёҳ намоиши на тавоноӣ, балки заъф, доираи васеи осебпазирии ҳамлу нақл, тактикӣ ва стратегӣ мебошанд.
Новшикани USS “Arleigh Burke” ва дигар киштиҳои нерӯи баҳрии ИМА дар баҳри Сиёҳ танҳо як тақлид ба қудрати ҷангӣ ва таъсири геополитикии Вашингтон ба сиёсати соҳибихтиёрии Русия аст.
Ин хандаовар менамояд: эътилофи низомии ИМА ва моҳвораҳо, ки тоза аз ҷониби Толибони афғон шикаст хӯрда буданд, кӯшиш мекунанд, ки қоидаҳои худро алайҳи Русияи дорои мушакии ҳастаӣ ҷорӣ кунанд. Дар омади гап, киштии ракетии флоти баҳри Сиёҳ "Шуя" дар рафти машқҳо аллакай 26 ноябр ба сӯйи ношикани Амрико "шиллик" кард.
Маскав тарафдори хамкорӣ ба манфиати мутақобил, рақобати одилона ва тиҷорат бо "шарикон" мебошад. Аммо онҳо дар навбати худ барои фурӯ нишондани "душман" бо қувваи харбӣ, яъне бо ҳар баҳонае ҷанг кардан ва куштан беш аз пеш кӯшиш мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо Русия маҷбур мешавад, ки ба иғвоҳои Ғарб шадидан вокуниш нишон диҳад.
"Намоиши зӯри бозу": коршинос дар бораи амалиёти ИМА дар баҳри Сиёҳ
Фаъолияти ИМА ва НАТО дар баҳри Сиёҳ, дар наздикии сарҳади ФР эҳтимоли cap задани задухӯрди мусаллаҳонаи бузургро дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ меафзояд.
Ба гуфтаи Флоти 6-уми нерӯи дарёии ИМА, 25 ноябр USS “Arleigh Burke” ба "гаштзанӣ" дар баҳри Сиёҳ барои "таъмини амнияту субот дар ин роҳи муҳими обии байналмилалӣ" оғоз кард. Аҳамият диҳед, ки ин роҳ аз роҳзанҳои Сомалӣ комилан озод аст.
Фаъолияти низомии Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои НАТО дар минтақаи баҳри Сиёҳ ва ҷалби давлатҳои канори баҳр ба он ҳеҷ гуна ангезае надоштааст ва ба суботи стратегию амнияти минтақаии Русия таҳдид мекунад. Вазорати дифои Русия машқҳо ва сафарҳои муштараки киштиҳои нерӯҳои дарёии ИМА ба Одесса ва Батумиро омили нооромкунанда медонад ва ҳадафи аслии амрикоиҳо рушди низомии фазои пасошӯравӣ дар Украина ва Гурҷистон мебошад.
Қувваҳо ва воситаҳои Новгони Баҳри Сиёҳ ва Ҳавзаи низомии ҷанубии ФР ҳаракати киштиҳои ҳарбии Амрикоро пай дар пай назорат мекунанд, бо тайёрии доимӣ барои ҷавоб додан ба амалиёти душманона (дар ҳоли рахнаи сарҳадҳои Русия) омодааст.
“Арли Берк”-ро дар баҳр тавассути киштиҳои рӯиобӣ ва зериобӣ пайгирӣ мекунанд, халабонони ҷангӣ амрикоиҳоро аз осмон назорат мекунанд ва радарҳои соҳилии Новгони баҳри Сиёҳ дар хушкӣ рӯйи душмани эҳтимолӣ ҳассосанд ва онро ҳамроҳӣ мекунанд.
Су-30 бомбандозҳои ИМА-ро дар болои баҳри Сиёҳ гусел кард - видео
Ҳамин тариқ машқҳои муштарак бо шарикони НАТО ва муттаҳидони муттаҳиднашудаи ИМА дар минтақаи баҳри Сиёҳ "озодии киштиронӣ" ва новшикани "истисноии Амрико" 24 соат дар зери силоҳу системаҳои мушакии Русия қарор доранд.

Брюссел дӯсти Киев нест

Размоиши давра ба давраи киштиҳои ҷангии ИМА дар баҳри Сиёҳро нишонаи пуштибонии сиёсии Вашингтон аз режими Киев арзёбӣ мекунанд, на чизи дигар. Бо вуҷуди ин нерӯҳои баҳрии ИМА қисматҳои муайяни баҳрҳоро ҳамчун Русия эътироф намекунанд ва дидаву дониста муноқиша эҷод мекунанд.
Мухолифати қувваҳои ҳавоӣ ва новгон бо манёврҳои Пентагон дар наздикии соҳили Русия шарти амниятии ФР мебошад ва бо афзоиши фаъолияти Новгони ҳарбии баҳрии ИМА эҳтимоли амалиёти чангӣ меафзояд.
Пас аз пахши маълумоти дурӯғи Вашингтон ва Киев дар бораи "ҳуҷуми зимистонӣ"-и нерӯҳои Русия ба Украина, Брюссел нафаси сарди маргро эҳсос кард ва аз "ҷабҳаи Украина" пешакӣ дур шуд.
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 26-уми ноябр гуфт, ки дар нишасти қарибулвуқуи вазирони корҳои хориҷии ин паймон дар Латвия масъалаи “тамаркузи нерӯҳои Русия дар марзҳои Украина” баррасӣ мешавад, аммо дифои дастаҷамъӣ (моддаи 5-и Оинномаи НАТО) ба Украина дахл надорад, ҳатто агар ба он давлати дигар ҳамла карда бошад ҳам. Иттифоқ Киевро "комилан дастгирӣ мекунад", аммо ба ин далел бо Маскав ҷанг намекунад.
Размоиши нерӯҳои баҳрии ИМА Large Scale Exercise 2021: зӯрашон ба Баҳри Сиёҳ мерасад?
Ба ин тартиб дар ҷанги фарзии Украина бо "давлати таҷовузкор" новшикани USS “Arleigh Burke” ва дигар киштиҳои Флоти 6-уми нерӯи дарёии ИМА маҷбур мешаванд, ки бидуни сарпӯши муттаҳидони аврупоӣ амал кунанд.
Имкониятҳои мушакҳои боздошткунандаи Амрико барои нобуд кардани мушакҳои Русия дар болои Украина хеле муболиға шудаанд. Аввалин партоби "Томагавк" дар баҳри Сиёҳ метавонад охирин лаҳзаи гаштзанӣ барои ҳар як киштии амрикоӣ бошад. Дар ҳама ҳолатҳо ҷанг кӯтоҳмуддат хоҳад буд. Дар вазъияти муқовимати воқеии мусаллаҳона "ҳамкории иттифоқчиён" зери ҳамлаи такрорӣ ва технологияҳои пурқудратии Русия қарор хоҳад гирифт.
Ба эътиқоди амрикоиҳо, киштии мушакбари зарбазани "дастнорас"-и Нерӯи дарёии Амрико дар наздикии марзҳои Русия бояд Маскавро бо ҳузури худ битарсонад. Новшикани USS “Arleigh Burke” бо системаи назорати иттилоотии ҷангӣ, ҷузъҳои системаи дифои зиддимушакии “Aegis” муҷаҳҳаз буда, қодир аст, ки беш аз 60 мушаки болдори "Томагавк"-и дурпарвоз (то 1600 км), ки қисме аз онҳо дорои кулоҳакҳои ҳастаӣ бошад, ҳамл кунад. Он инчунин мушакҳои зиддиҳавоии ASROC ва “Стандарт” дорад.
Аммо аз Флоти 6-ум ҷудо шуда, “Арли Берк” дар фазои амалиётии Баҳри Сиёҳ амалан ҳеҷ чиз надорад. Ҳама гуна ҳамлаи мушакии новшикани “Арлей Берк” метавонад зарбаи ҷавобии Русияро ба марказҳои тасмимгиранда дар Иёлоти Муттаҳида ба вуҷуд орад.

"Хирси русӣ"-ро бедор накунед

Рӯзи 29-уми ноябр Вазорати дифои Русия ба осебпазирии стратегии "шарикон"-ро бо нишон додани боргирии мушаки баллистикии байниқораии “Ярс” ишора кард.
Ёдовар мешавам, ки "Ярс" бо чаҳор кулоҳакҳои ҷудошавандаи ҳидоятшаванди ҳар яке то 500-килотоннаӣ муҷаҳҳаз шудааст. Нерӯҳои мушакии стратегӣ бо зиёда аз 150 дастгоҳи партоби ин комплекс муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳамагӣ 600 кулоҳаки ҷангӣ.
Нови "Адмирали Флоти Иттиҳоди Шӯравӣ Горшков" 29 ноябр бо мушаки мофавқ-ус-садоии "Сиркон" бори дигар бомуваффақият шиллик карда, ҳадафро дар масофаи бештар аз 400 километр исобат кард. Як рӯз пештар дар Русия тавлиди ин мушакҳо оғоз шуд.
Фавран пешвоз гирифтанд: Эсминетси ИМА дар Баҳри Сиёҳ шартан нобуд карда шуд
Новшикани USS “Портер” ҳафтаи гузашта аз баҳри Сиёҳ рафт. Ҳангоми "гаштзанӣ" ҳайати он, эҳтимолан вақте ки як чархболи низомии Русия чанд дақиқа дар наздикии он қарор гирифт, ба воҳима афтод.
Нозирони ғарбӣ аз бесарусомонии сохтмони низомии Украина бештар афсурда шудаанд. Вазири дифои Украина Алексей Резников қаблан аз суръати сохтмони пойгоҳи нави баҳрӣ дар Бердянск хабар дода буд. Бо вуҷуди ин, тибқи гузоришҳои CNN, рӯзноманигорони хориҷӣ дар ин пойгоҳ дарк карданд, ки "барои анҷом додани он ҳанӯз корҳои зиёдеро анҷом додан лозим аст" ва шояд "пеш аз ҷанг" вақти кофӣ надошта бошад.
Нерӯи дарёии Украина ба наздикӣ аз Балтимори Амрико ду киштии истифодашудаи посбонӣ гирифт, ки “Фастов” ва “Суми” ном доранд. Ба наздикӣ онҳо дар соҳил ба "маъракаи ҳарбӣ" шуруъ мекунанд.
Бо вуҷуди нооромиҳои ҷиддии сиёсӣ дар Киев ва овозаҳо дар бораи омодагии табаддулоти давлатӣ Иёлоти Муттаҳида ва Қувваҳои Мусаллаҳи Украина як бригадаи зиреҳпӯш ва амалиёти ҳавоӣ барои тоза кардани Донбассро омода мекунанд, онҳо "рафъи ҳамлаҳои русҳои Приднестров" "шӯриши сепаратист"-ро дар вилояти Одесса пахш мекунанд. Ин нақшаҳои ҷангҷӯёнаи Амрикову Украина барои Аврупо фоидае надоранд.
Нашрияи Норвегия “ТВ2Norge” қайд мекунад: "Русия нишон медиҳад, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ омодааст аз василаҳои иловагии низомӣ истифода кунад ва ҳамчунин бо истифода аз дипломатияи маҷбурӣ кор кунад." Воқеан, Маскав чунин нақшаҳоро пинҳон намекунад.
Муроҷиати сафорати Русия ба ИМА оид ба эсминетсҳо дар Баҳри Сиёҳ
Рӯзномаи “Wall Street Journal” ду сенарияи Кохи Сафедро дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина - "хушбинона" ва "пессимистӣ" нашр кард, аммо дар ҳама ҳолатҳо Украина бо худ мубориза хоҳад бурд. Ва агар касе ёрӣ диҳад, ҳеҷ чизро тағйир намедиҳад. Маскав ҷое барои ақибнишинӣ надорад ва ҳеҷ гуна хароҷот барои маҷбур кардани Украина ва Ғарб ба сулҳ монеа нахоҳад шуд. Бо вуҷуди ин, набояд дар бораи парвози нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Кобул дар моҳи август фаромӯш кард, то ин офати табиӣ дар Киев такрор нашавад.