ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Туъмаи ҳамлаи маҳкумшудагон соҳибкорони шаҳр ва вилояти Маскав будаанд, хабар додааст додситонии вилоят дар саҳифааш дар "Telegram".
Ба иттилои манбаъ, дар мурофиаи додгоҳӣ муайян шудааст, ки шаш узви ин гурӯҳи мусаллаҳ ба роҳзанӣ машғул шуда, ба хонаҳои соҳибкорон дар ҳудуди шаҳр ва вилояти Маскав ҳамла мекардаанд.
Таъкид шудааст, ки онҳшо дар ин дуздиҳо аз силоҳи оташфишон, газӣ ва ҷароҳатрасон истифода кардаанд.
Дар маҷмуъ зарари расонидашуда аз ҷониби ин гурӯҳ, ки ашёи гаронарзишу маблағҳоро мерабудаанд, 11,5 миллион рубл арзёбӣ шудааст.
Зикр гаштааст, ки бо назардошти мавқеи айбдоркунандаи давлатӣ додгоҳ муттаҳамонро гунаҳкор дониста, онҳоро аз 8 солу 6 моҳ то 16 сол маҳкум ба зиндон намудааст. Таъкид шудааст, ки ин муҳлатро маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳии низомаш сангин паси сар хоҳанд кард. Феълан ин қарор ҳанӯз ҳукми қонунӣ нагирифтааст, илова намуд додситонии Маскав.
Қаблан мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатии кишвар даъват намуда буданд, ки қонунҳои кишвари ҳузурашонро риоя ва урфу одатҳои мардуми бумиро эҳтиром кунанд.