ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар назди бинои Комиссияи марказии интихоботӣ дар шаҳри Бишкек издиҳоми калон ҷамъ омадааст. Эътирозгарон аз нотоиҷи интихоботи парлумонӣ комилан норизоянд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Гуфта мешавад, ҷонибдорони аҳзобе, ки ба Жогорку Кенеш роҳ наёфтанд, талаб доранд, ки натиҷаи интихобот лағв ва дигарбора интихоботи парлумонӣ баргузор шавад.
Манбаъ меафзояд, ҷамъомадагон ҳамзамон талаби истеъфои раиси кобинаи вазирон, Оқилбек Жапаров ва раиси КМИ Нурҷон Шилдабековро доранд.
Ҳамин тариқ ҳизбҳои “Ата Мекен”, сотсиал-демократҳо, “Улуттар Биримдиги” ва “озодтик” дар интихобот ноком шуданд ва соҳиби курсӣ дар Жогорку Кенеш нагардиданд. Аз ин рӯ ин чаҳор ҳизб талаб доранд, ки дар интихобот тақаллубкорӣ сурат гирифт ва натиҷаи он бояд бекор карда шавад.
Дар ҳамин ҳол Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон тавсия дод, ки варақаҳои раъйдиҳӣ дастӣ ҳисоб карда шаванд ва дар сурати ҷо доштани сохтакорӣ аъзои Комиссияи маркази интихоботӣ ҷазои сахт хоҳанд гирифт.
Феълан шаш ҳизб ба Жогорку Кенеш роҳ ёфтанд.