ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik. Имороти Муттаҳидаи Арабӣ тамоми сиёсатмадорони собиқи Афғонистонро, ки дар Дубай ва шаҳрҳои дигар муқиманд, аз фаъолиятҳои сиёсӣ манъ кардааст.
Дар ин бора Башир Аҳмад Қосонӣ дар сафҳаи "Твиттер" навиштааст
Бар асоси ин гузориш, ин фармон Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб ва Ато Муҳаммади Нурро низ шомил мешавад.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҳоле мақомҳои пешини Афғонистонро аз корҳои сиёсӣ манъ кардааст, ки сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии толибон дар Қатар ба сар мебарад.
Ёдовар мешавем, ҳукумати қаблии Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ пеш аз вуруди ҷангҷӯёни толиб дар санаи 15 август ба Кобул суқут кард.
Худи президент бо чанд афроди наздик ба худаш ба иморот фирор кард ва ба иттилои расонаҳо, бо худ садҳо миллион долларро ҳам бурдааст.
Сиёсатмадорони дигари пешин аз қабили Ато Муҳаммад Нур ҳарчанд барои мубориза бо толибон изҳори омодагӣ мекард, аммо истодагарияш танҳо чанд соат давом кард.
Ӯ низ пас аз вуруди толибон ба Мазори Шариф нахуст ба Ӯзбекистон ва аз он ҷо ба Дубай рафт.
Нур, Дустум ва чанд сиёсатмадори дигари пешин, ки дар иморот қарор доранд, ахиран аз рӯйи кор омадани як ҷабҳаи дигари муқовимат хабар дода буданд, аммо дигар то кунун дар бораи фаъолияти ин сиёсатгарони пешин хабаре нест.