ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Толибон ният доранд, нерӯҳои вижаро дар марзҳои ин кишвар ҷо ба ҷо кунанд, хабар медиҳад агентии "Бохтар".
Ба иттилои манбаъ, Шермуҳаммад Шариф, раиси нерӯҳои марзбонии Вазорати умури дохилии толибон дар ҷараёни боздиди худ аз ноҳияи марзии Спинбулдак дар Қандаҳор гуфтааст, ки ба зудӣ нерӯҳои вижаро дар марзҳои Афғонистон ҷо ба ҷо мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, толибон ба марзҳои Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд.
Дар пайи суқути Ҳукумати Афғонистон ба дасти толибон борҳо гузориш шудааст, ки нерӯҳои Покистон ва Эрон вориди Афғонистон шудаанд, аммо толибон ин хабарҳоро рад кардаанд.
Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад, амалиёти густурда барои ғасби ҳукумат дар ин кишварро оғоз карданд.
Рӯзи 15-уми август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард. Рӯзи 6-уми сентябр Толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудааст.