ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Комроншоҳ Устопириён, ҷудокори шинохтаи Тоҷикистон дар мусобиқаи "Abu Dhabi Grand Slam 2021" соҳиби медали нуқра гардид.
Ӯ дар даври ниҳоӣ дар вазни то 90 кило аз ҳарифаш Мансур Лорсанов, намояндаи Русия шикаст хӯрда, аз медали тило маҳрум гардид. Қабл аз ин Устопириён ҷудокорон аз Британия, Амрико ва Қирғизистонро шикаст дода буд.
Паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар зӯрозмоӣ барои медали биринҷӣ бо паҳлавони қирғиз Эрлан Шеров вориди майдон шуда, пирӯз берун омад.
Ӯ пеш аз ин дар Абузабӣ ду ҳарифашро шикаст дода, аз тарафи намояндаи Ӯзбекистон мағлуб шуда буд. Ҳамчунин Темур Раҳимов низ ду ҳарифашро шикаст доду аз якеи дигар шикаст хӯрд ва дар вазни ҷамъи 100 кило барои медали биринҷӣ рақобатро идома медиҳад.
Мусобиқаи "Тосукулоҳи бузург" ё худ "Abu Dhabi Grand Slam 2021" дар шаҳри Абузабӣ ҷараён дорад.