ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Ҳакимов бо иҷрои суруди "Historia de un amor" теъдоди зарурии овози тамошобинонро ба даст наовард. Тибқи қоидаҳои барнома тақдири ӯ ва иштирокчии дигар, Никол Фургалро бояд доварон ҳал мекарданд.
Барои ин зарур буд, ки ин ду овозхон дигарбора сурудеро иҷро кунанд ва Ҳакимов “Я не могу без тебя” -и Валерий Меладзеро хонд. Дар пайи ин мураббии Фахриддин, Серёга аз мушкилии интихоб гуфта, ба Ҳакимов пешниҳод намуд, ки шояд ихтиёран аз идомаи сабқат ба фоидаи Никол даст кашад.
Овозхони тоҷик бо зикри хубиҳои Никол таъкид намуд, ки ҳеч кореро дар нимароҳ набояд гузошт ва салоҳияти интихобро доварон доранду онҳо бояд ҳал кунанд.
Дар натиҷа аз чор довар, се нафарашон - Серёга, Сергей Соседов ва Олга Бузова ба тарафдории Ҳакимов овоз доданду ӯ ҳунарнамоиро дар барнома идома хоҳад дод.
Пахши сеюми мустақими барнома шанбеи рӯзи 4 декабр дар назар аст ва ҳаққи овоздиҳӣ дар ин барномаро танҳо сокинони Белорус доранд.
Дар нахустин пахши мустақими барномаи "Х-Фактори Беларус", овозхони тоҷик суруди Максим Фадеев зери унвони "Стану ли я счастливей" - "Оё хушбахттар мешавам" - ро иҷро карда буд.
Фахриддин Ҳакимов қаблан низ дар барномаи “Ну-ка, все вместе”-и телевизиони Русия беш аз 90 ситораи шоу-бизнеси ин кишварро тасхир ва водор ба ҳамовозӣ карда буд.
Дар барномаи “Ну-ка, все вместе”, иштирокчӣ бояд бо сурудхонияш 100 довар - асосан ситораҳои шоубизнеси Русияро моил мекард, ки бархезанду ҳама якҷоя суруд хонанд. Ҳар қадар довари бештар бо иштирокчӣ ҳамовозӣ кунад, ҳамон қадар холи бештар мегирифт. Фахриддин Ҳакимов дар барнома аз 100 холи имконпазир 91 холро ба даст оварда буд.