Баҳси амнияту тиҷорат дар мулоқоти Раҳмон бо Эрдуғон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Раҳмону Эрдуғон дар Ишқобод аз ҳамкории Тоҷикистону Туркия, вазъи ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа гуфтаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз имкони мулоқот изҳори хушнудӣ карда, таъкид намудаст, ки Туркияро шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ медонад. Ӯ илова намудааст, ки муносибот бо Туркия раванди устувор касб кардаанд.
Зимни суҳбат аз ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту боркашонӣ зикр шудааст, ки давоми панҷ соли охир гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия бештар аз ду миллиард долларро ташкил дод.
Аз тиббу нерӯгоҳ то роҳ ба бандарҳои Эрон: Раҳмону Раисӣ аз ҳамкориҳо гуфтанд
Ҷонибҳо афзудаанд, ки барои боло бурдани ин нишондод аз имкониятҳои мавҷуда, аз қабили татбиқи муштараки тарҳҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон васеътар истифода гардад.
Инчунин ҷонибҳо ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, табодули донишҷӯёну муаллимон ва баргузории рӯзҳои фарҳангиро дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар омили муҳими таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар арзёбӣ намуданд.
Манбаъ таъкид намуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ, муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ аз мавзуъҳои марказии дигари ин мулоқот будаанд.
Дидори Раҳмон ва Эрдуғон 28 ноябр дар шаҳри Ишқобод дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ баргузор шуд.