ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон зимни ҷаласаи ахири парлумон дар хитоб ба Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар пешниҳод кард, ки барои беҳбуди шароити кори олимони забону адабиёт ва боло бурдани маошашон чораҷӯӣ намояд.
Ӯ аз ҳолати хароби бинои Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ёдовар шуд.
"Бинои пажуҳишгоҳи мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, маоше, ки олимон мегиранд, ҷавобгӯи сатҳи онҳо нест. Дар Институти забон ва адабиёт беҳтарин мутахассисони соҳа фаъолият мекунанд, ки аз 60 то 90 сол умр доранд", - овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли вакил.
Усмонзода аз вазири молия хост, аз қисми даромади иловагии буҷаи соли 2022 ин пажуҳишгоҳ маблағгузорӣ шавад ва Вазорати маорифу илми кишвар низ дар он саҳм гузорад.
Ин дар ҳолест, бар асоси фармони раисҷумҳур, ки Эмомалӣ Раҳмон 20 сентябр имзо кард, маоши кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 зиёд шуд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ба ҳисоби миёна маоши кормандони Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои тобеи он 28 фоиз боло рафт ва ҳадаф аз ин иқдом дастгирии давлатӣ, тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он арзёбӣ шудааст.