"Мадад", "Султони Кабир", "Осиё" дар рӯйхати бозору марказҳое, ки тахриб мешаванд - акс

Мақомоти меъмории шаҳри Душанбе хабари бастаи шудани бархе аз бозору марказҳои савдои пойтахти Тоҷикистонро шарҳ доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Мақомот мегӯянд, барои ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир мувофиқ намудани шафати хиёбони Абудраҳмони Ҷомӣ фаъолияти Маркази савдои "Мадад" манъ карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, бо қарори раиси шаҳри Душанбе, кӯчондани нуқтаҳои савдо ба бозорҳои замонавии нав ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин масъулини меъмории пойтахт сохтмони марказҳои солимгардонӣ ва варзиширо ба ҷои бозори "Султони Кабир" ва Маркази савдои "Осиё" таъйид карда, аксҳои иншоотеро, ки тахриб мешаванд, нашр кардаанд.
Таъкид шудааст, ки бо зиёд шудани ҳудуди марзию маъмурӣ ва аҳолӣ дар шаҳри Душанбе талабот ба таъмини аҳолӣ бо иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои тиббиву солимгардонии нав ба миён омадааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе аз 12,7 ҳазор гектари қаблӣ баъди пайвастани 7659,25 гектар аз заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба зиёда аз 20,3 ҳазор гектар расидааст.