Шаҳрвандони Тоҷикистонро фиреб доданд: маблағи ҳангуфташонро гирифтанду бознагардонданд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз силсилақаллобиҳои бузурге хабар медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ нисбати қаллобон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилӣ.
Дар як қаллобии мавриди аввал як зан низ муттаҳам мешавад.
Бино ба гузориши манбаъ, зани 38-сола сокини ноҳияи Ашт моҳи апрели соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии марди 66-солаи сокини ноҳияи зикгардида даромада, аз ӯ 300 ҳазор рубли русиро гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Нисбати ин зан бо қисми 4, моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ҳолати дигари қаллобӣ дар шаҳри Душанбе сабт шудааст.
Боз қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин: "Инфинити"-ро гирифту пулашро надод
Ба ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ бо ариза зани 29-солаи сокини Душанбе муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки моҳи феврали соли 2021 марду зани 30-солае аз пойтахт ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 миллиону 144 ҳазору 818 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондаанд.
Ҳамзамон номбурдагон бо ҳамин роҳ моҳи феврали соли 2021 ба боварии зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 165 ҳазору 700-доллари амрикоӣ ва 9 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондаанд.
Қаллобӣ дар Душанбе: сокини пойтахт пули хона доду соҳиби манзил нашуд
Манбаъ афзуда, ки нисбати шахсони дар боло зикргардида аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, таҳқиқи ин ҳаводис идома дорад.