ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Дар муроҷиатномае, ки тавассути телевизиони "Бадахшон" пахш гардид, ҷамъ омадани шаҳрвандон дар пеши бинои ҳукумати ВМКБ ғайриқонунӣ арзёбӣ шудааст.
Дар муроҷиатнома ҳушдор дода шудааст, ки ҷамъшавии ғайриқонунӣ ҷавобгарӣ дар пай дорад. Таъкид шудааст, ки ба хотири ноором нагардидани шаҳри Хоруғ сокинон аз таҷаммӯъ худдорӣ намоянду ба ободкорӣ рӯй оранд.
Дар маҷмуъ сокинони маҳаллӣ то ҳол аз марги се ҷавон дар қазияи ахири Хоруғ хабар доданд, ки ҷасади ду нафарашон танҳо рӯзи 27-уми ноябр барои дафн аз майдони пеши ҳукумати ВМКБ бурда шуд. Мақомоти кишвар то ҳоли ҳозир расман дар бораи марги ягон нафаре хабар надодаанд. Алоқаи мобилию интернетӣ низ бо вилоят масдуд шудааст.
Феълан гурӯҳе аз сокинони ВМКБ дар майдони пеши бинои ҳукумати маҳаллӣ таҳқиқи мунсифонаи марги ҷавонони кушташуда ва муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд. Чунин ҳамоишҳо дар пеши намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Аврупою ИМА ва инчунин дафтари СММ низ сурат гирифтаанд.
Ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гардид.
Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захм бардоштааст.