Тоҷикистон барои рушди кишоварзӣ сармоягузорҳои нав меҷӯяд

Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳе дар Туркия таҷрибаи шарикони хориҷиро дар соҳаи кишоварзӣ меомӯзад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Тоҷикистон дар 20-умин Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти гармхонаҳо, кишоварзӣ ва чорводории “Growtech-2021” дар Анталия ширкат мекунад.
Ин намоиш дар Туркия аз 24 ноябр оғоз гардида, то фардо идома хоҳад кард.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии мудири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов барои ширкат ба ин намоишгоҳ рафтааст.
Бонки ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзии Тоҷикистон 58 миллион доллар медиҳад
Ба Анталия намояндагони зиёда аз 600 ширкат аз 40 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо ҳазор меҳмон аз 130 кишвар омадаанд.
Дар доираи намоиш дар бораи масъалаҳои боғу токдорӣ ва хоҷагии деҳот семинару маҷлисҳо гузаронда мешавад.
Талоши содироти "Аштак", хушкмеваи хоси Тоҷикистон ба Аврупо
Мутахассисони тоҷик тасмим гирифтаанд, ки бо ширкатҳои хориҷӣ тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодиро баррасӣ карда, шарикони нав ва сармоягузоронро пайдо кунанд.
Ба роҳ мондани содироти молу маҳсулот, ошноӣ бо технологияҳои навтарини ҷаҳонӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ як масъалаи мубрам барои Тоҷикистон мебошад.