ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Аз аввали соли 2021 воридоту содироти мошинҳо дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад маркази матбуотии Оҷонсии омори ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, воридоти воситаҳои нақлиёт ба кишвар 43,9% - беш аз 184,2 миллион доллар дар як сол афзоиш ёфтааст.
Ба ин тартиб ҳаҷми умумии воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон дар ин муддат беш аз 265 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тоҷирони мошин бар ин назаранд, ки афзоиши воридоти мошинҳои хориҷӣ пеш аз ҳама ба зиёд будани талабот дар бозори дохилӣ рабт дорад. Ин ҳам мошинҳои арзон ва ҳам мошинҳои навро дар бар мегирад.
Содироти мошин аз Тоҷикистон қариб ду баробар афзудааст. Маҷмуи маблағи он беш аз 7,3 миллион долларро ташкил додааст.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар корхонаҳое ҳастанд, ки автобусҳои мусофирбар ва тракторҳои кишоварзиро васл мекунанд.
Қобили зикр аст, ки ба Тоҷикистон мошинҳои сабукрав аз кишварҳои Соҳили Балтика, Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ ворид мешаванд.
Дар бозори мошинҳои боркаш мавқеи пешсафро истеҳсолкунандагони чинӣ ишғол мекунанд.