Дар ВМКБ чӣ гузашт: мақомот аз захмие мегӯянду сокинон "тобут" оварданд

Додситонии Бадахшон мегӯяд, дар пайи тирпаронӣ бо кормандони мақомот як нафар захмӣ шудааст, вале сокинон дар расонаҳои иҷтимоӣ аз марг хабар медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Қабл аз зуҳри имрӯз, 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Г. Зиёбеков дар зимни як бархӯрди мусаллаҳона бо кормандони мақомот захмӣ шуд, хабар медиҳад додситонии ВМКБ
Ба иттилои манбаъ, Г. Зиёбеков барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ. 3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ. 3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст.

"Ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи "Макаров", ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид", - афзуд манбаъ.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд.
Гуфта мешавад, Г. Зиёбеков бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷинояӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии додситони ноҳияи Роштқалъа А. Абирзодаро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯбу шиканҷа қарор дода буданд.
Баррасии гирдиҳамоиҳо дар ҷаласаи оперативии Ситоди таъмини амният дар ВМКБ-видео
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Г. Зиёбеков ва ҳаммаслаконаш аз тарафи додситонии ВМКБ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мақомот мегӯяд, ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинбораи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ дар кофтукови расмӣ қарор гирифтаанд.
Мақомот аз захмӣ шудани як нафар дар ҳоле мегӯяд, ки расонаҳои иҷтимоӣ аз ба майдони марказии Хоруғ баромадани ҷавонон ҳамроҳ бо ҷасади Зиёбеков хабар медиҳанд.