"Ба мардуму ҳукумати нав хидмат кунед": Толибон шарти масдуд накардани сафоратҳоро гуфтанд

Сафоратхонаҳои Афғонистон дар давлатҳои хориҷ ба шарте масдуд намешаванд, ба мардум ва ҳукумати ҷадид хидмат кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Толибон нияти бастани сафоратҳои Афғонистон дар хориҷи ин кишварро надоранд.
Дар ин бора Суҳайл Шоҳин, намояндаи доимии Афғонистон дар СММ ба ТАСС хабар додааст.
"Мо сафоратхонаҳоро бастанӣ нестем. Аммо ҳамчун ҳукумат, албатта, баъзе дипломатҳоро аз як сафорат ба сафорати дигар ва ё ба Вазорати корҳои хориҷии Кобул интиқол медиҳем. Ин як амри маъмулист", - таъкид намудааст ӯ.
Вай гуфт, ба дипломатҳои афғонистонӣ ба шарте иҷозаи идомаи фаъолият дода мешавад, ки содиқона ба мардум ва ҳукумати нави Афғонистон хидмат кунанд.
Дар ҳамин ҳо, толибон аз кормандони намояндагиҳои ин кишвар дар хориҷ даъват намуданд, ки ба кори маъмулии худ идома диҳанд. Вале аксари дипломатҳо изҳор доштаанд, ҳукумати нави Афғонистонро қабул надоранд.
Толибон барномаҳои ҳалолу ҳароми телевизионро эълон карданд
Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад, амалиёти густурда барои ғасби ҳукумат дар ин кишварро оғоз карданд.
Рӯзи 15-уми август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард. Рӯзи 6-уми сентябр Толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудааст.