ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс бо хоҳиши ӯ дидору мулоқот кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки сиёсатмадори тоҷик нахуст сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардидан табрик гуфта, дар ин ҷода ба ӯ комёбиҳо орзу кардааст.
Рустами Эмомалӣ ҳамкории байнипарлумониро аз омилҳои муассири тавсеаи муносибатҳои байни ду давлат арзёбӣ намудааст.
Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва илму маориф баррасӣ кардаанд.
Зимни баррасии масоили вобаста ба амнияти минтақа ва ҷаҳон бо назардошти вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ба зарурати тавсеаи ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими сарҳад ва тақвияти мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир таъкид карда шуд.
Манбаъ афзуд, дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки равобити мунтазами сиёсии сатҳи олӣ ва баланд ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни ду давлат заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистону Бритониё сӣ сол қабл барқарор шуда буд.