ДУШАНБЕ, 25 ноя - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои БМТ, арзиши як рубли русӣ ҳоло 0.1512 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта, 24 ноябр дар кишвар бар ивази 1000 рубл 0.1502 ва дар овохири моҳи октябр 161 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, боз каме поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.6785 сомонӣ қимат дорад. Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Асъори амрикоӣ дар нишондоди нави БМТ каме боло рафтааст. Як доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2999 сомонӣ арзиш дорад. Ин нишондиҳанда ду рӯз пеш 11.2994 буд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2999 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.6785 то 12.8100 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1512 то 0.1520 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.