ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Русия ва Чин нақшаи ҳамкориҳои низомии то соли 2025-ро имзо карданд ва ин санади стратегӣ воқеияти нави ҷаҳони чандқутбаро инъикос мекунад.
Вазирони дифои Русия ва Чин Сергей Шойгу ва Вей Фэнхе рӯзи сешанбе дар ҷараёни як конфронси видеоӣ ҳамзамон харитаи роҳ барои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи низомӣ барои солҳои 2021-2025-ро тасдиқ карданд. Ҳуҷҷат тақвияти ҳамкориҳои Русия ва Чинро ба шеваи машқҳои стратегӣ ва посбонии муштараки уқёнуси ҷаҳониро шомил мешавад.
Ин ҷавоби табиии Маскав ва Пекин ба амалиёти иғвогаронаи Пентагон ва НАТО дар моҳи сентябри соли ҷорӣ, ташкил ёфтани блоки ҳарбии Штатҳои Муттахида, Австралия ва Британияи Кабир (AUKUS), таҳдиди нав ба амнияти байналхалқӣ дар ноҳияи уқёнуси Ором мебошад.
Дар ҷараёни музокироти 23 ноябр Шойгу ва Фэнхэ пешрафтҳои назаррасро дар ҳамкориҳои низомии Русияву Чин дар соли 2021 қайд намуда, омодагии худро барои иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда тасдиқ карданд.
Вазири дифои Русия ба ҳамтои чинии худ пешниҳод кард, ки ба парвозҳои иғвоангез ва таҳдидомези авиатсияҳои стратегии ИМА дар наздикии марзҳои Федератсияи Русия ва Чин вокуниши муштарак нишон диҳад.
Аввали моҳи ноябр 10 ҳавопаймои бомбандози нерӯҳои ҳавоии ИМА имкони истифодаи силоҳи ҳастаӣ алайҳи Федератсияи Русияро аз сарҳадҳои ғарбӣ ва шарқӣ дар як вақт амалӣ мекарданд. Тайи як сол теъдоди чунин амалиёти иғвогарона дар наздикии марзҳои шарқии Русия ҳафт баробар афзоиш ёфтааст - аз се парвози соли 2019 то 22 парвоз дар соли 2020 расид.
Русия ва Чин омӯзишҳои муштараки ҷангии нерӯҳои низомиро афзоиш медиҳанд. Моҳи август дар Чин бори аввал машқҳои муштараки стратегӣ-амалии "Сибу/Интерактив-2021" баргузор шуданд.
Гаштзаниҳои муштараки ҳавоии мушакбарҳои стратегии нерӯҳои ҳавоии Русия ва ҳавопаймоҳои бомбандози нерӯҳои ҳавоии Чин дар обҳои баҳрҳои Ҷопону Чини Шарқӣ сурат гирифтанд. Киштиҳои ҳарбии ҳар ду кишвар моҳи октябр дар гулугоҳҳои байналхалқии Сугару ва Осумии наздик ба Ҷопон амалиёти посбонӣ анҷом доданд.
Бо вуҷуди ин ҳамоиши ҷангии қӯшуну нерӯҳои ҳавоӣ, дарёӣ ва хушкигард ба таври қобили мулоҳиза аст. Тавсеаи ҳамкориҳои низомии Маскаву Пекин ба таҳкими амнияти байналмиллалии ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба манофеи кишварҳои СПАД, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо назардошти вазъи душвори Афғонистон хидмат хоҳад кард.
Салом ба ИМА ва хироҷгузорони он
Се фаъолияти муштараки таълимии низомии нерӯҳо дар соли ҷорӣ имкон медиҳад, ки иқтидори ҳамкориҳои низомии Федератсияи Русия ва ҶХЧ, таъсири он ба суботи стратегии ҷаҳониро рӯшантар тасаввур кард.
Ҳамоиши машқҳои бесобиқаи амалиётии стратегии Маскаву Пекин дар шимолу ғарби Чин бо зарбаҳои таълимии нерӯҳои ҳавоии Русия дар размоишгоҳҳои ҳаммарз бо Афғонистон дар Осиёи Марказӣ бо иштироки ҳудуди 13 ҳазор нафар низомӣ ва истифодаи 500 техникаи низомиро нозирони умур чун идомаи ташкили иттиҳоди низомию сиёсии ин ду кишвар шумурданд.
Имкониятҳои гурӯҳбандии муштараки нерӯҳои Русия ва Чин ба ғарбию шарқӣ дар тамрингоҳи Тсинтунся дар моҳи август ба таври фарзӣ имкон дод, то "ин нерӯ баҳогузорӣ" шавад.
Даҳ киштии ҷангӣ (асосан мушакӣ)-и Русия ва Чин рӯзҳои 17-23 октябр аввалин посбонии муштараки баҳри Ҷопон, ғарби уқёнуси Ором ва баҳри шарқии Чинро анҷом доданд. Онҳо манёврҳоеро алайҳи киштиҳои зериобӣ наздик ба соҳилҳои Ҷопон анҷом доданд. Намоиши парчамҳои давлатии ФР ва ҶХЧ, ҳифзи сулҳу осоиш дар минтақаи Осиё ва укёнуси Ором, муҳофизати объектҳои дарёии ҳар ду кишвар муваффақ иҷроӣ шуд.
Каме пештар, рӯзҳои 14-17 октябр дар баҳри Ҷопон тамринҳои Русияву Чин зери унвони “Ҳамкории баҳрӣ - 2021” баргузор шуданд. Ин гуна "иероглифҳо" ҳамчун як ҳушдори қатъӣ ба Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони минтақаии он дар бораи хатари амалҳои беэҳтиётона ва иғвогарона дар баҳр, аз ҷумла "ҳамлу нақли ройгон" дар соҳилҳои Русия ва Чин, ташаккули мухарриби AUKUS аст. Ин посбонӣ барои ИМА ва Ҷопон "шоки ҳақиқӣ" буд.
Рафъи муассири таҳдид
Рушди ҳамкориҳои низомии Русия ва Чин ба амнияти кишварҳои СПАД ва Осиёи Марказӣ, ки дар ҳамсоягии Афғонистон қарор доранд, таъсири мусбат мерасонад.
Пекин ва Маскав ба ҳамкориҳои созандаи низомӣ пойбанданд, зеро онҳо ба коҳиши таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, табдил додани толибон ба як ҳаракати давлатсоз, истеҳкоми марзҳо, рушди иқтисодии кишварҳои ҳамсояи дӯст, инчунин барҳам додани ҳамаи пойгоҳҳои осиёии Пентагону НАТО, минтақаҳои хавфноки "баҳрнавардии озод", Флоти ҳарбии баҳрии ИМА манфиатдоранд.
Нуфузи Русия дар Авруосиё инкорнопазир аст ва он дувумин кишвари тавоно дар ҷаҳон аст. Чин муддати тӯлонист, ки мақоми қудрати ҳастаӣ дорад, кайҳонро бомуваффақият меомӯзад, ҷангандаҳои насли панҷум ва мушакҳои гиперсонӣ меофарад ва тадриҷан Иёлоти Муттаҳидаро дар иқтисоди ҷаҳонӣ иваз мекунад.
Гуфтугӯ бо иттифоқчиёни пурқудрати ҳарбӣ - Маскав ва Пекин бо забони таҳдиду ултиматум авҷи беэҳтиётӣ барои кишварҳои НАТО ва AUKUS аст. Вале новабари амрикоӣ дирӯз ба тангаи Тайван, ки Чин ва ҷазираи Тайванро аз ҳам ҷудо мекунад, боз як сафари иғвогарона кард. Пентагон умедвор аст, ки дар Покистон як “фурудгоҳи эҳтиётӣ” пайдо кунад.
Нашрияи бритониёии "Роъ-ул-явм" қайд мекунад: "Агар шумо ба харитаи ҷанҷолҳое, ки Иёлоти Муттаҳида ба амал овардааст, назар андозед, аломатҳои ҷанги дарпешистодаи ҷаҳониро мебинед".
Воқеан, “шоҳин”-ҳои Вашингтон дар атрофи Қрими Русия ва Тайвани Чин маконҳои ташаннуҷ эҷод мекунанд. Комилан дарк мекунанд, ки дахлнопазирии сарҳад ва тамомияти арзӣ барои Русия ва Чин принсипҳои муқаддас мебошанд.
Барангехтани буҳронҳо ва низоъҳо аз ҷониби амрикоиҳо дар минтақа, аз баҳри шарқии Чин то баҳри Сиёҳ, ба афзоиши ташаннуҷ дар кишварҳои Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мусоидат мекунад.