ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бозори Султони Кабир аз 1 марти соли 2022 баста мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе.
Яке аз калонтарин бозорҳо, ки ба фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ихтисос дорад, бинобар нақшаи беҳбуди шаҳрсозӣ баста мешавад.
Шаҳрдорӣ иттилоъ медиҳад, ки ба соҳибкорону тоҷирони бозор майдонҳои алтернативии тиҷоратӣ пешниҳод карда мешаванд.
"Қобили зикр аст, ки сохтмони шаҳраки тиббӣ, бунгоҳҳои саломатӣ ва майдонҳои сабз дар барномаи кулли шаҳри Душанбе дар соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд", - гуфтанд дар шаҳрдорӣ.
Дар чаҳорчӯби нақшаи генералии ободонии шаҳри Душанбе қарор аст, кӯчаҳои Неъмат Қарабоев ва Абай дар ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаҳои Ҷомии ноҳияи Сино “мувофиқи талаботи меъморӣ ва шаҳрсозии муосир” тарроҳӣ шаванд.
Бозори масолеҳи сохтмонии "Султони Кабир" соли 2000 сохта шудааст. Ин бозор дар майдони 5 бунёд шуда, тибқи маълумоти охирин, дар ҳудуди маҷмааи савдо тақрибан 1,7 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунад.