ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Созмони Ҷаҳони Беҳдошт мегӯяд, то моҳи марти соли оянда дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ эҳтимол беш аз ду миллион нафар фавтад.
"Аврупо дар зери пандемия боқӣ мемонад. Ҳафтаи гузашта маргумир дар як рӯз тақрибан ба 4,200 нафар расид, ки ин шумора нисбат ба моҳи сентябр ду баробар афзоиш ёфтааст. Айни замон марг аз коронавирус дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал қарор дорад”, - омадааст дар хабар.
Тибқи пешгӯиҳои созмон, аз ҳозир то 1 марти соли 2022 дар 25 кишвари минтақа сарбории шадиди бемористонҳо дар назар аст. Теъдоди умумии фавтидагон то баҳори оянда аз 2,2 миллион нафар зиёд мешавад.
Дар ҳамин ҳол Хан Клюге намояндаи СҶБ зикр намудааст, ки ваксина ва риояи оддитарин чораҳои беҳдоштӣ, аз қабили пӯшидани ниқобу дастпӯш ва нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ то андозае садди роҳи паҳншавии коронавирус мешавад.
Коршиносони СҶБ аз се омили асосӣ гуфтанд, ки ба паҳншавии босуръати коронавирус мусоидат мекунанд:
штамми паҳншуда дар Аврупо "делта", ки хеле зуд интиқол дода мешавад;
сабук кардани чораҳои маҳдудкунанда ва тамоси зичи одамон;
шумораи нокифояи ваксинашудагон.
Дар ҳамин ҳол коршинос ҳушдор медиҳанд, ки вазъи мавҷуд боиси сарбории системаи тандурустӣ мешавад. Онҳо даъват намудаанд, ки ҳарчи бештар мардум бо ваксина таъмин шаванд ва дар муҳлати муайяншуда аз реваксинатсия ҳам гузаранд.