ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон ният доранд, ки Самарқандро васеъ ва ба панҷ ноҳия тақсим кунанд. Дар ин бора дар нишасти навбатии вакилони шаҳр маълум шуд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Харитаи нави Самарқанд дар шабакаи сайёҳии маҳаллии "Samturinfo" нашр шудааст.
Самарқанд ба кадом навоҳӣ тақсим мешавад?
ноҳияи Қорасув — 33 маҳалла (аҳолиаш 134,7 ҳазор нафар);
ноҳияи Сиоб - 100 маҳалла (аҳолӣ 301,3 ҳазор нафар);
ноҳияи Суғд – 54 маҳалла (аҳолӣ 84,9 ҳазор нафар);
ноҳияи Боғишамол – 55 маҳалла (аҳолӣ 170,5 нафар);
ноҳияи Мароканд — 51 маҳалла (аҳолиаш 226,6 ҳазор нафар).
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз тарҳе сухан гуфт, ки васеъ кардани замини Самарқанд аз ҳисоби ноҳияҳои Самарқанд, Пастдарғом, Тойлоқ ва Оқдарёро дар бар мегирифт.
Дар маҷмуъ бояд шаҳри Самарқанд 18 ҳазор гектар васеъ карда шавад.
Ин тадбир Самаркандро ба шаҳри калони дорои 1 миллион аҳолӣ табдил медиҳад.
Маркази вилояти Самарканд ба Гулобод кӯчонида мешавад.