ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Русия ваксина алайҳи коронавирус барои кӯдакони аз 12 то 17-соларо рӯзи чоршанбеи 24 ноябр ба қайд мегирад, изҳор дошт ноиби сарвазир, Татяна Голикова.
"Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ваксина сабт мешавад. "Гам-КОВИД-Вак-М"-и Маркази Гамалея барои кӯдакони аз 12 то 17-сола пешбинӣ гардидааст", - таъкид намуд Голикова дар ҷаласа бо ҳузури раисҷумҳури Русия Владимир Путин.
Ноиби сарвазир тавзеҳ дод, ки ваксина бо розигии волидон ё худи ноболиғ, агар аз 15 сол бештар дошта бошад, гузаронда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки мутахассисон мегӯянд, ҷараёни беморӣ дар кӯдакон вазнин мегузарад. Барои пешгирии мушкилот,табибон тавсия медиҳанд, ки кӯдакон ваксина гиранд, аз ҷумла ваксинаи зидди зуком, ки баданро ба дигар бемориҳо тобовартар мекунад.
Ахиран аз қавли муовини сардухтури беморхонаи кӯдаконаи вилояти Қӯрғон Светлана Ларионова хабар дода шуд, ки аломатҳои нави коронавирус дар кӯдакон аз алоими қаблӣ фарқ мекунанд.
"Синдроми илтиҳоби бисёрнизома пайдо шудааст, ки қаблан вуҷуд надошт. Ин пайдошавии доғ дар заминаи табларзаи баланд аст. Ин ба гастроэнтерит шабоҳат дорад", - гуфтаст Ларионова.
Дар феҳрасти аломатҳои гирифторӣ, аз ҷумла доғҳо, дарди буғумҳо, илтиҳоби луобпардаҳо, дарди шикам, сулфа, ҳарорати баланд зикр шудаанд.