Оё муллобачаҳо аз хидмати ҳарбӣ мегурезанд? Шарҳи Кумитаи дин

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон қазияи ҷалби фарзандони имомхатибони кишварро ба хидмати ҳарбӣ шарҳ додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон фирори фарзандони мансабдорону сарватмандон аз хидмати ҳарбӣ зиёд мавриди баҳс қарор мегирад, нашрияи “СССР” масъалаи ба хидмат рафтани писарони рӯҳониёни кишварро баррасӣ кардааст.
Нашрия аз қавли масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хабар додаст, ки феълан наздики 10 нафар аз фарзандони имомхатибони масоҷиди кишвар дар хидмати ҳарбӣ қарор доранд.
Як моҳ хидмат ва 25, 2 ҳазор сомонӣ барои билети ҳарбӣ: қонуни нав ба иҷро медарояд
Манбаъ мисол овардааст, ки феълан фарзандони Карим Розиқов, имомхатиб аз ноҳияи Рашт, Мирмаҳмад Нуров, имомхатиб аз ноҳияи Нуробод, Ҳикматулло Шоев аз шаҳри Ҳисор, Нуруллоҳ Ҳидоятов аз шаҳри Конибодом, Рустам Эгамов аз шаҳри Панҷакент, Муҳиддин Кобулиев аз ноҳияи Тоҷикобод, Одина Сайдамиров аз ноҳияи Сангвор ва Саидҷон Асадуллоев аз ноҳияи Сино дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хидмат мекунанд.

"Имомон ва имомхатибон худ ташвиқгару тарғибгари хидмат ба Ватан - модаранд ва борҳо шудааст, ки фарзандони эшон ҳамчун намуна пеш аз ҳама ихтиёрӣ ба сафи артиш пайванданд", - таъкид доштаанд масъулини Кумитаи дин.

Ин дар ҳолест, ки феълан даъвати тирамоҳии наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон давом дошта, ба иттилои Вазорати мудофиаи кишвар, то ҳол ҳудуди 84 дарсади барномаи даъват иҷро шудааст.