Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Маргумир аз коронавирус дар ҷаҳон то шаш дарсад афзудааст

Давоми як ҳафтаи охир дар ҷаҳон дастикам 3,6 миллион нафар гирифтори коронавирус шуда, беш аз 51 ҳазор нафар фавтидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Маргумир аз коронавирус дар ҷаҳон афзудааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, шумораи сироятҳои нав ва ҳамзамон маргумир дар муқоиса бо ҳафт рӯзи қаблӣ то шаш дарсад афзоиш ёфтааст.
Таъкид мешавад, ки дар ҳафт рӯз беш аз 51 ҳазор нафар ҷон бохтааст, ки нисбат ба як ҳафтаи қабл шаш фисад бештар аст.
Ин созмон зикр намудааст, ки қариб 67 дарсади сироятҳои нав ба Аврупо рост меоянд.
"Дар Аврупо 11 фисад афзоиши беморӣ ба қайд гирифта шудааст", - омадааст дар хабарномаи ин созмон.
Дар ҳамин ҳол, дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ 11 дарсад, баҳри Миёназамини Шарқӣ нуҳ фисад ва Африқо то чаҳор дарсад коҳиш ёфтани ҳолатҳои нави беморӣ ба қайд гирифта шудааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Фаронсаро мавҷи панҷуми коронавирус фаро гирифт
Манбаъ меафзояд, фавт дар минтақаи ғарбии уқёнуси Ором (29 фоиз), Амрико (19 фоиз) ва Аврупо (3 фоиз) рӯ ба афзуншавист.
СҶБ мегӯяд, аз оғози пандемия то 23 ноябр дар ҷаҳон 257 469 528 ҳолати мубтало ба коронавирус ва 5 158 211 фавт ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди мубталоён дар як рӯз 436 031 нафар афзуда ва 6 433 нафар фавтидааст.