ИМА ҳукумати толибонро эътироф намекунад, ҳатто агар Русияву Чин қабул кунанд ҳам

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳукумати нави Афғонистон таҳти сарварии толибонро қабул надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. ИМА ҳукумати толибонро эътироф намекунад, ҳатто агар Русия ва Чин эътироф кунанд
Дар ин бора Том Уест, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дар суҳбат бо "Садои Амрико" иттилоъ дод.
Ба гуфти ӯ, ақида дар бораи он ки Иёлоти Муттаҳида дороиҳои Афғонистонро бо хоҳиши худ яхбандӣ кардааст, нодуруст аст.
Қирғизистон се роҳи ҳалли мушкили Афғонистонро пешниҳод кард: ҷабҳа намешавад
"Интиқоли онҳо ба толибон баъзе мушкилоти ҳуқуқӣ дорад", - гуфт ӯ.

Ғасби Афғонистон аз ҷониби толибон

Дар нимаи моҳи август толибон ба пойтахти Кобул ворид шуда, қасри президентро ишғол карданд. Бо ҳамин ҳокимият ба дасти ин гурӯҳ гузашт.
"Ҳукумати паштуншумул": тору пуди ҳукумате, ки "Толибон"* эълон карданд
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Регистонӣ: Толибон мехоҳанд Афғонистонро иёлоте аз Покистон бисозанд
Ҷангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд. Сарварии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи аввали ҳукмронии ин гурӯҳ вазири хориҷа буд ва таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба уҳда дорад.