ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Аз замони рӯи кор омадани толибҳо дар Афғонистон, гурӯҳи мамнӯи ДИИШ* чандин амалиёти террористӣ дар чанд минтақаи ин кишвар анҷом додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба ИСНА.
Як моҳ пас аз инфиҷор дар масҷиди Қандаҳор толибҳо иддао карданд, ки се узви ДИИШ* кушта ва як паноҳгоҳи онҳо дар даргириҳо бо ин гурӯҳи террористӣ дар маркази вилоят тахриб шуд.
Фармондеҳи амниятии Қандаҳор ва як узви аршади толибон, гурӯҳе, ки собиқаи ҳамлаҳои монандро дорад, ба хабаргузории ИСНА гуфтааст, толибон иҷоза намедиҳад, ки ДИИШ* ва гурӯҳҳои шабеҳ ба ҳамсоягони Афғонистон, аз ҷумла Эрон зиён расонанд.
Ёдовар мешавем, толибон 15 август вориди Кобул шуданд ва ҳудуди 33 вилояти ин кишварро таҳти назорати худ гирифтанд. Чанде пас ин гурӯҳ эълон кард, ки ҷанг дар Афғонистон поён ёфт. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар бо ворид шудани толибон ба шаҳри Кобул аз мақомаш истеъфо дод ва кишварашро фавран тарк кард.
*-гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон