ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Охирин мусобиқаи ҷудо миёни калонсолон дар соли 2021 дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Арабӣ барпо мешавад.
Мусобиқа аз 26 то 28 ноябр баргузор шуда, дар он 10 варзишгари кишвар ширкат хоҳанд кард.
Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишкорони шинохтаи кишвар - Шаҳбоз Саидаброров, Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Суфиев, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Сомон Маҳмадбеков, Ҳақназар Назаров, Хушвақт Идиев, Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа 232 варзишгар (144 мард, 88 зан) аз 42 давлат иштирок мекунанд.
Мусобиқа 26 ноябр чун анъана бо рақобатҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон, -60кг, -66кг миёни мардон шуруъ мегардад.

Дар рӯзи дуюм бонувони вазнашон -63кг, -70кг ва мардони вазнашон -73кг, -81кг куштӣ мегиранд. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг, мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг ҷамъбаст мегардад.
Гуфта мешавад, ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷои аввал 5000 доллар, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллар пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷои аввал 5000 доллар, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллар пешбинӣ шудааст.