ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар Ӯзбекистон истеҳсоли силсилавии мошинҳои зиреҳпӯши "Qalqon" (Калкон) ба роҳ монда шуд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии саноати дифоии Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, намунае, ки дар яке аз корхонаҳои мудофиаи ҷумҳурӣ таҳия шудааст, аз тамоми озмоишҳои гурӯҳи коршиносии намояндагони ниҳодҳои амниятиву қудратӣ муваффақ гузашт.
Гуфта мешавад, коршиносон мутобиқати тавсифоти тактикӣ ва вижагиҳои мошини зиреҳпӯшро ба талаботи нерӯҳои мусаллаҳ ва стандартҳои байналмилалии эътирофшуда тасдиқ карданд.
Мошин дар асоси тарҳи коршиносони соҳа "аз сифр" сохта шуда, баъд аз он вижагиҳои токтикию фаннии он дар рафти санҷишҳои амалӣ такмил дода шуданд.
Айни замон худрави зиреҳпӯши "Калкон" ба истеҳсоли силсилавӣ ворид шудааст. Мошинҳои истеҳсолшуда ба қисмҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар ворид хоҳанд шуд.
Ӯзбекистон миёни кишварҳои дигар Осиёи Марказӣ дар умури саноати мошинсозӣ пешрафти чашмрасе дорад, ки ҳамасола ҳазорон худравашро ба бозорҳои хориҷӣ мебарорад.
Дар ин кишвар ҳоло худравҳои сабукрави тамғаи "Chevrolet - Spark", "Cobalt", "Nexia", "Lacetti" ва ҳамзамон боркашҳои тамғаҳои гуногун истеҳсол мешаванд.