ДУШАНБЕ, 22 ноя - Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон боз як корманди Вазорати корҳои дохилиро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда К.У. мебошад, ки дар вазифаи ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин кор мекард
Ба иттилои манбаъ, ӯ дар давоми фаъолияти корияш, бо мақсади ғаразнок ва бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои гуё нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ маблағи 10000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Комилов Умед Одинаевич бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда боздоштшударо аз 54 то 87 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.
Ёдовар мешавем ин нахустин боздошти корманди ВКД набуда, як ҳафта қабл низ Оҷонсӣ муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, капитани милитсия, хонум З.М ва шаҳрванд А.А- ро боздошт карда буд.
Ӯ низ бо як ҳамдасти дигар барои кумак дар парвандаи ҷиноии як корафтода ба гуфти Оҷонсӣ пул талаб кардааст.