Сабқати наврасони Тоҷикистону Эрон мусовӣ анҷомид: бозии навбатӣ бо Ӯзбекистон

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол сабқат бо ҳамсолони эронияшонро бо ҳисоби мусовӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Сабқати тимҳои наврасони Тоҷикистону Эрон дар доираи даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷомид.
Таъкид шудааст, ки ба голи Алии Раҳмоннажод, футболбози эронӣ аз тими Тоҷикистон Абубакр Сулаймонов бо гол посух дод.
Кумита зикр намуд, ки сабқати дигари даври дуюм миёни дастаҳои наврасони Қирғизистон ва Тоҷикистон низ мусовӣ, бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
Аз Гурҷистон ба Малдив: тими нави Мадина Фозиловаи футболбоз аниқ шуд
Дар ҷамъбасти ду даври Чемпионати CAFA феълан дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон бо 4-холӣ дар сафи пеш қарор доранд.

Даври ҷамъбастии мусобиқа 23 ноябр баргузор мешавад. Дар ин давр мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Ӯзбекистон вориди майдон мешаванд. Оғози бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 15:00 барпо мешавад.
Кумитаи миллии олимпӣ зикр намуд, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни наврасони то 15-сола, тибқи системаи даврӣ, дар як давр баргузор мешавад ва дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.