Ифшогарии Блаттер: Додани мизбонии Ҷоми Ҷаҳон ба Қатар иштибоҳи бузург буд

Йозеф Блаттер, раиси пешини ФИФА гуфтааст, ки Қатар бидуни дахолати Саркози дар дақиқаи охирин барои ба даст овардани мизбонии Ҷоми Ҷаҳон пирӯз намешуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Раиси пешини ФИФА Йозеф Блаттер мизбонии Қатар аз Ҷоми Ҷаҳонии соли 2022 "иштибоҳи бузург" номида гуфт, раисҷумҳури собиқи Фаронса Николя Саркози барои расидани он ба ин мусобиқа дахолат кард.
Блаттер дар мусоҳибае, ки рӯзи якшанбе дар нашрияи интернетии фаронсавии "Le Monde" нашр шуд, гуфт: "Аз пирӯзии Қатар ноумед шудам".
Блаттер ки 2 июни соли 2015, пас аз чаҳор рӯзи дубора интихоб шуданаш ба мақоми раиси ФИФА ба далели як моҷарои фасод маҷбур шуд, истеъфо диҳад, гуфт, Саркози раиси вақти УЕФА Мишел Платиниро ба ҳимоят аз ӯ водор кардааст. Онҳо то он вақт ба мувофиқа расида буданд.

"Дар бораи баргузории Ҷоми Ҷаҳонии Қатар суолҳои зиёде вуҷуд доранд, ба мисли андозаи кишвар ё санаи баргузории мусобиқа, зеро тобистони он хеле гарм аст", - гуфт Блаттер.

Фикр мекардам, ин ҳама созиши моро дар бораи ба Русия ва Иёлоти Муттаҳида марбут кардани ду Ҷоми Ҷаҳонии Футбол ба хатар мувоҷеҳ намесозад, аммо мудохилаи Саркози, ба гуфтаи раиси собиқи ФИФА, "ҳама чизро тағйир дод".
Ба гуфтаи Балаттер, таҳқиқиоте, ки ФИФА барои кашфи он оғоз кардааст, ба қадри кофӣ дақиқ нест: "Дар тасмимҳои муҳим, ба монанди Ҷоми Ҷаҳон пул метавонад дар гардиш бошад ва касе метавонад онро ба ҷайби худ занад".
Президенти собиқи Фаронса Саркозӣ ба як соли зиндон маҳкум шуд
Раиси собиқи ФИФА, ки ин ҳимоятро ба хариди ПСЖ тавассути сандуқи мустақили иморот ва фаъолиятҳои иқтисодии умда байни Қатар марбут медонад, гуфт, бидуни дахолати Саркози дар лаҳазоти охир ба кори Платини Қатар ҳаргиз мизбонии Ҷоми Ҷаҳонии Футболро ба даст оварда наметавонист.
"Дар сатҳи иҷтимоӣ ва иқлимӣ додани Ҷоми Ҷаҳон ба Қатар иштибоҳи бузург буд", - гуфт ӯ ва қайд кард, ин бори аввал аст, ки мудохилаи сиёсӣ тасмими муҳимро дар футбол тағйир дод.