ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Маҳдии Маҳмудӣ, мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии Вазорати кишвари Эрон қайд кардааст, ки бо тавваҷуҳ ба аҳамияти ваксина кардани паноҳандагон ва атбои хориҷӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус давлати Эрон ҷаласоти дахлдор бо ниҳодҳо ва созмонҳои байналмилалӣ анҷом дод.
Дар ин бора хабаргузории ИРНА хабар додааст.
“Эрон пас аз ахзи муҷаввизҳои лозим тавассути Вазорати беҳдошт ва дармон нахустин маҳмулаи ваксанаи КОВИД-19 ба теъдоди як миллиону 600 ҳазор воя ба ҳамроҳи зуруфи ҷамъоварии эминсозӣ ва сӯзандоруҳои тазриқро дар қолаби созукори “пӯшиши башардӯстона"-и КОВАКС таҳти ҳимояти СММ дар умури паноҳандагонро таъмин карду таҳвили Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ шуд”, - гуфт Маҳмудӣ.
Вай афзуд, Эрон ба унвони яке аз кишварҳое, ки таҳти таъсири КОВИд-19 қарор гирифт, дар моҳҳои ахир тавониста, ба таври густарда барномаи ваксиназаниро ба иҷро даровард ва паноҳандагони сокин дар кишварро ҳамзамон бо шаҳрвандони эронӣ ваксина кунад.