ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҷозеп Боррелл, ноиби президенти Комиссияи Аврупо, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ ва амният вориди Душанбе шудаст.
Ба иттилои расида, шоми 21 ноябр ҳамроҳи Боррелл, инчунин хонум Ютта Урпилайнен, фиристодаи Иттиҳоди Аврупо дар умури байналмилалӣ ва ҳамзамон вазири молияи Финландия ба Душанбе омадааст.
Ҳадафи сафари ин ва дигар дипломатҳои баландпояи ИА ба Тоҷикистон иштирок дар ҷаласаи вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо арзёбӣ мегардад. Аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот вазъи Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа гуфта мешавад.
Моҳи октябри соли равон зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар Аврупо баргузор шуд, Ҷозеп Боррелл ҳавасмандияшро барои густариши ҳамкорӣ баён дошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Боррелл дар ин мулоқот гуфт, Иттиҳоди Аврупо барои таҳкими равобити минтақавӣ манфиатдор аст ва ин масоил меҳвари гуфтушунидҳо дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии G5+1 дар шаҳри Душанбе хоҳанд буд.
Манбаъ афзуд, ки талошҳои муштараки ҷонибҳо, бахусус таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тавассути тадбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП таъкид гардид.