Чӣ гуна СААД марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким мебахшад

СААД барои вокуниш ба ташдиди авзоъ дар Афғонистон як гурӯҳи корӣ таъсис медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар пайи якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон САД дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви ин созмон як гурӯҳи фаврӣ таъсис медиҳад, гуфт Самад Ордабоев, муовини дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ.
Вай дар ин бора дар чорчӯби Форуми II таҳлилии Авруосиё изҳор дошт.

"Созмон рушди кунунии вазъ дар Афғонистонро таҳдиди ҷиддӣ ба амният медонад", - гуфт муовини дабири кул.

Ордабоев иттилоъ дод, ки “дар сурати якбора бад шудани вазъ, дар Маркази вокуниш ба буҳрони СААД дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори ин созмон як гурӯҳи фаврӣ барои назорати динамикаи вазъи кунунӣ дар марз таъсис медиҳад".
Баҳои баланди генерали тоҷик ба размоиши "Кобалт-2021" - акс
Ҳамчунин имкони таҳкими нерӯҳои СААД баррасӣ мешавад.
"Тадбирҳо ҷиҳати таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон, фароҳам овардани захираҳои моддӣ дар қаламрави кишварҳои узви СААД ҷиҳати таъмини омодагии нерӯҳои дастаҷамъии ин созмон ва андешидани тадбирҳои башардӯстона дар робита ба гурезаҳои эҳтимолӣ таҳия шуда истодаанд", - гуфт ӯ.
Қаблан гуфта шуд, буҳрони Афғонистон Русияро водор кардааст, ки таҳкими соҳаи ҳарбӣ дар Осиёи Марказиро суръат бахшад.
Ҳамин тариқ Русия ба Осиёи Марказӣ ҳавопаймоҳои Су-30СМ, чархболҳои Ми-35М, маҷмуаҳои зиддимушакии Бук-М2Е, БТР-80 ва БТР-82А зиреҳпӯш фиристод.
Русия дар Тоҷикистон силоҳи нав озмоиш мекунад
Дар баробари ин ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон навъҳои БПЛА "Орлан-10Е" ва мошинҳои зиреҳпӯши "Тайфун-К" фиристода шуданд.
Мусаллаҳшавии пойгоҳи 201-ум, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, пайваста идома дорад. Дар чорчӯби тамринҳои СААД, ки моҳи ноябр дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон баргузор шуданд, Русия силоҳҳои навро озмоиш кард.