Изҳори нигаронии СММ аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистон

Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон аз ихроҷи паноҳандагони афғонистонӣ аз Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон аз ихроҷи паноҳандагони афғонистонӣ аз сӯйи мақомоти давлатии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи ин ниҳод, рӯзи 11 ноябр 11 марду зан ва кӯдаки афғонистонӣ, ки дар Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, қабл аз баррасии дархости паноҳандагӣ ва ҳимоя ба Афғонистон баргардонида шуданд.
Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон ҳамзамон аз афзоиши монеаҳо барои шаҳрвандони Афғонистон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Путин хостори ҷилавгирӣ аз вуруди паноҳандагон аз Афғонистон шуд
Ба гуфтаи ин ниҳод, дар авохири моҳи июли соли ҷорӣ мақомоти маҳаллии Тоҷикистон додани муҷаввизи иқомат барои ҳамаи шаҳрвандони навомадаи Афғонистонро мутаваққиф карданд.
Гуфта мешавад, маҳдудиятҳои афзоянда ва таъхир дар баррасии парвандаҳои паноҳандагӣ дар Тоҷикистон шаҳрвандони Афғонистонро, ки тоза ба Тоҷикистон омадаанд, зери хатари ҷарима, боздошт ва эҳтимоли ихроҷ ба Афғонистон қарор додааст.
Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз ихроҷи иҷбории паноҳандагони афғонистонӣ ба Афғонистон худдорӣ кунад ва “ба зудӣ марҳилаи иқомати қонунӣ ва таъйини вазъияти паноҳандагӣ",-ро аз сар бигирад.
Аврупоиҳо мегӯянд, гурезаҳои Афғонистонро бояд Амрико бечуну чаро қабул кунад
Ин ниҳоди байналмиалӣ ахиран бо нашри "Тавсияномаи ҷаҳонӣ барои ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон" хостори хатми ихроҷи иҷбории ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон аз кишварҳои дигар шуд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ихроҷи иҷбории шаҳрвандони Афғонистон дар шароити феълӣ нақзи ҷиддии қонунҳои байналмилалӣ аст.
Тайи чанд соли ахир теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Афғонистон, ки қасди сафар ба кишварҳои ғарбӣ доранд, ба Тоҷикистон муҳоҷират карда ва дар дафтари Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон намояндагиҳои муҳоҷират боз кардаанд.