ДУШАНБЕ, 20 ноя – Sputnik. Бино ба иттилои манобеъ, ҳукми суд нисбати ин ду мансабдори шаҳри Панҷакент дирӯз содир шудааст.
Қурбон Раҳимзода, сардори БДА-и шаҳри Панҷакент дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки далели ҷарима шудани Додоҷони Абдубасир ва Фаррух Комилов рондани мошин дар ҳолати мастӣ аст, ки ин маврид ошкор шудааст.
“Шаби 16 ба 17-уми ноябр, зимни санҷиш кормандони БДА маълум намудаанд, ки Додоҷони Абдубасир дар ҳолати мастӣ мошини Фаррух Комиловро рондааст. Дар робита ба ин масъала протокол тартиб дода шуда, бар асоси он, додгоҳ ҷарима таъйин кард”, - гуфт Раҳимзода.
Мурофияи судӣ 18 уми ноябр барпо шуда, додрас Додоҷони Абдубасир, роҳбари идораи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро барои дар ҳолати мастӣ рондани воситаи нақлиёт ва Фаррух Комилов, сардори шуъбаи ин идораро барои беасос ба каси дигар вогузоштани воситаи нақлиёт ҷарима кард.
Гуфта мешавад, бар асоси ҳукми додгоҳ, ҳар яке 18 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 36 ҳазор сомонӣ ҷарима ва инчунин бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати 5 сол муҷозот шудаанд.
Мо бо Додоҷони Абдубасир дар бораи ҷарима шуданаш муроҷиат намудем, вале ӯ аз шарҳи бештари ин масъала худдорӣ кард.
Ахиран шуъбаи БДА дар вилояти Суғд дар бораи ошкоршавии 40 мавриди рондани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандаҳои маст дар давоми 20 рӯзи амалиёти маданияти шаҳрдорӣ дар моҳи сентябр иттилоъ дода, гуфта буд, ки нисбати чунин ронандаҳо дар асоси моддаи 332-и КҲМ санад тартиб дода, бархеи онҳо 15 шабонарӯз аз озодӣ ва бархеи дигар аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шудаанд.
Карим Ҷумъазода, масъули кор бо матбуоти шуъбаи БДА-и Суғд дар шарҳи ин хабар гуфта буд, ки зимни баргузории чунин амалиёт инчунин 27 ҳолати рондани воситаи нақлиёт бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ ва се ҳолати вогузор намудани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуҷҷати ронандагӣ надорад, ошкор шудааст.
Шуъбаи БДА дар вилояти Суғд мегӯяд, давоми нуҳ моҳи соли 2021 дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди вилоят 167 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он, 77 нафар ҳалок гардида, 162 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.