Роҳгардӣ барои Байден мушкил шуд: вазъи президент чӣ гуна аст

Духтур президенти Амрикоро "марди фаъоли 78-сола" номид. Ӯро камаш аз панҷ беморӣ муолиҷа мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Пизишки президенти ИМА Кевин О'Коннор гуфт, сулфаи Ҷо Байден ва роҳгардиаш бадтар шуд, ӯ аз фибрилятсияи атриалӣ ранҷ мебарад. Дар ин бора РИА "Новости" менависад.
Дар як ёддошт ба Кохи Сафед пас аз муоинаи ҳамаҷонибаи президент табиб изҳор дошт, ки Байден "марди фаъоли 78-сола" аст.
"Президент барои иҷрои вазифаҳои худ ба қадри кофӣ солим аст ва онҳоро бидуни истисно иҷро мекунад. Вай ҳамакнун ба тоза кардани гулӯяш оғоз кард. Ман ин нишонаро муддати тӯлонӣ мушоҳида мекардам, аммо ҳоло он бештар шудааст. Он санҷиши муфассалро тақозо мекунад. Дар муқоиса бо соли гузашта роҳгардии президент низ вазнинтар шудааст", - гуфт О'Коннор.
Байден ваколатҳояшро ба Камала Харрис супурд
Вай қайд кард, ки дар гузашта Байден ҷароҳатҳои варзишӣ ва дигар ҷароҳатҳои ортопедӣ дошт ва тақрибан як сол пеш пояш шикаста буд.
Духтурон боварӣ доранд, ки сухан дар бораи артритҳои дегенеративии сутунмуҳра ва спондилоз - фарсудашавии тадриҷии сутунмуҳра бо мурури синну сол меравад.
Сарвари давлат аз муоинаи гастроскопия ва колоноскопия гузашт. Байденро барои фибрилятсияи атриалӣ, гиперлипидемия, рефлюкси гастроэзофагеалӣ, аллергияҳои мавсимӣ ва невропатияи ҳассосии пойҳо табобат мекунанд.
Ӯро барои саратони рӯдаи ғавс ва пӯст муоина карданд, дандонҳо ва биноияшро санҷиданд.
Имрӯз, 20 ноябр Ҷо Байден 79-сола мешавад. Вай куҳансолтарин раисҷумҳур дар таърихи ИМА аст.