ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд дар якҷоягӣ бо ҷомеаи мусалмонон ба масъалаи мутобиқшавии муҳоҷирон дар пойтахт машғул шаванд.
Дар ин бора муфтии Маскав, муовини раиси Идораи мусалмонони Русия Илдар Аляутдинов дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳори андеша кард.
Вай гуфт, бештари намозгузорони масҷидҳои пойтахт аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.
Аляутдинов зарурати муайян кардани мушкилот ва эҳтиёҷоти одамонеро, ки барои кор ба Русия омадаанд, изҳор намуд.
"Муҳоҷирон на ҳамеша вижагиҳои ҷомеаи Русияро дарку қабул мекунанд, на ҳама вақт қодир ба ҳамгироии дуруст ва саривақтӣ ҳастанд, баъзан кӯшиш мекунанд, ки исроркорона худашонро таҳмил кунанд. Вазифаи мо кумак кардан аст, ки онҳо ба як ҷузъи ҷомеа табдил ёбанд", — гуфт Аляутдинов.
Вай таъкид кард, ки дар ин кор манфиати давлат, сафоратхонаҳо, ниҳодҳои динию миллӣ ва худи шаҳрвандон зарурист, зеро “ғамхорӣ кардан дар бораи ҷаҳони ботинии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои афзудани маънавиёт муҳим аст".
"Ман борҳо ба сафирони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар ҷумҳуриҳо муроҷиат кардам, то дар ҳамкорӣ бо намояндагони давлатҳои худ дар қаламрави Русия дар робита ба ин масъала кумак кунанд", - афзуд ӯ.
Муфтӣ таъкид кард, ки то имрӯз ин кор танҳо бо бахши дипломатии Қирғизистон роҳандозӣ шудааст.
Тибқи ҳисобҳои Аляутдинов, дар пойтахт ҳудуди 3-3,5 миллион мусалмон ба сар мебарад, ки 2 миллион нафарашон сокинони маҳаллӣ ва боқимонда муҳоҷиронанд.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки барои ҳамаи онҳо дар пойтахт ҳамагӣ 4 масҷид аст, ки кофӣ нест.
Аляутдинов барои рафъи вазъ хостааст, ки дар маркази савдо ва метро намозгоҳҳо ва ҳамчунин марказҳои фарҳангии мусалмонон дар ҳар ноҳияи Маскав боз шавад.