ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден ваколатҳояшро ба ноиби президент Камала Харрис супурд. Дар ин бора дар Кохи Сафед хабар доданд.
Сарвари давлат ба далели муоинаи тиббӣ чунин қарор кардааст.
Ба гуфти манбаъ, феълан Байден дар бемористон таҳти наркоз қарор дорад ва дар он ҷо аз ташхиси колоноскопия мегузарад.
"Чун раисиҷумҳур Ҷорҷ Буш солҳои 2002 ва 2007 буд, тибқи тартиби муқарраркардаи Қонуни асосии ИМА, Байден қудратро ба муддати кӯтоҳ ба ноиби президент дар ҳоле вогузор хоҳад кард, ки ӯ зери наркоз аст", — гуфт сухангӯи Кохи Сафед.
Тибқи қавонини Амрико, ноиби президент ҳақ дорад, дар сурати аз уҳдаи иҷрои ваколатҳо набаромадани раҳбари кунунӣ, президенти нави иёлот шавад.
Ёдовар мешавем, ки авохири моҳи марти соли 2021 Байден як қисми ваколатҳояшро ба Ҳаррис супурда буд.
Сухан дар бораи ӯҳдадориҳои гузаронидани гуфтушунидҳои байналмилалӣ бо Мексика ва дигар кишварҳо дар бораи "афзоиши ҷиддӣ" - и муҳоҷират ба ИМА меравад.
Байден 3 ноябри соли 2020 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд. Раҳбари кунунии Амрико номзад аз Ҳизби демократи ИМА буд.
Рақиби аслии ӯ ҷумҳурихоҳ ва раиси ҷумҳур Доналд Трамп буд. Байден беш аз 81 миллион овоз гирифт.