Дар Покистон таҷовузгаронро минбаъд ахта мекунанд: Дар Тоҷикистон чӣ?

Вакилони парлумони Покистон қонуни нави зидди таҷовуз ба номусро тасвиб карданд, ки бар асоси он, минбаъд таҷовузгарон дар ин кишвар ахта карда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар Покистон минбаъд таҷовузгарони занону кӯдаконро ахта мекунанд, хабар медиҳад CNN.
Манбаъ менависад, ки ин тарҳ аллакай аз ҷониби вакилони парлумон тасвиб шудааст. Гуфта мешавад, дар робита ба афзун шудани мавориди озори ҷинсии занону кӯдакон дар ин кишвар эътирозҳои оммавӣ низ зиёде шуданд ва мардум талаби ҷазои созгор ба таҷовузгаронро намуданд.
Ҳоло Ҳукумати Покистон дар саросари кишвар додгоҳҳои вижаро таъсис медиҳад, то парвандаи таҷовузи ҷинсӣ дар кӯтоҳтарин муддат, аниқтараш то 4 моҳ баррасӣ шавад.
Қотили Руфейда ҳукми абад гирифт
Бар асоси қонуни нав, афроде, ки дар таҷовузи дастаҷамъӣ гунаҳкор дониста мешаванд, ба эъдом ё ҳабси абад маҳкум хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ахтаи кимиёӣ як ҷазои қонунӣ аст, ки дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Русия нисбати таҷовузгарон роҳандозӣ мешавад.
Дар Тоҷикистон ҳам пас аз қатлу таҷовузи Руфайдаи 8-сола аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди чунин ҷазо барои таҷовузгаронро намуда буданд.
Муттаҳам дар қатл ва таҷовузи ин духтарак ба ҳабси умрбод маҳкум шуд.