Кордкашӣ назди маркази дилхушии "Ором"

Нисбати сокини 29-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои кордкашӣ дар назди маркази дилхушӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар маркази дилхушии "Ором", дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кордкашӣ сурат гирифтааст.
Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сокини 29-солаи ноҳияи А.Ҷомӣ марди дигарро бо корд шадидан маҷрӯҳ намудааст. Ин ниҳод ҷузиёти бештари ин ҳодиса ва ҳамзамон иллати сар задани кордзаниро нашр накардааст.
Вазорат ин ҳодисаро ҳамчун авбошӣ арзёбӣ карда.
Муноқишаи ду ҷавон дар ноҳияи Айнӣ бо кордкашӣ анҷомид
"Сокини 29-солаи Абдураҳмони Ҷомӣ, марди 39-соларо бо корд 3 бор ба мавқеи қафаси сина аз тарафи рост, шонаи чап ва рони пойи рост зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногун бардоштааст.
ВУД Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки нисбати гумонбар бо моддаи 237, қисми 3, банди "а", Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.