Вазири толибҳо: Нишастани зану мард канори як миз ҷоиз нест

Вазири наҳй аз мункари толибҳо нишастани марду занро канори ҳам дар як миз хилофи усул ва асосҳои дини ислом донист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 ноя - Sputnik. Шайх Муҳаммад Холид, вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати нав дар Афғонистон нишастани зану мардро канори як миз номақбул хонд, хабар дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои мнабаъ, Шайх Холид ин изҳоротро дар нишасте дар вилояти Балх баён доштааст.
Вазири ҳукумати нав дар Афғонистон бо баёни ин ки толибҳо мухолифи таълим ва омӯзиши духтарҳо нестанд, илова намудааст, ки нишастани як мард ва як зан канори як миз ҷоиз нест.

"Ин хилофи усули динӣ ва боварҳои мардуми мост. Агар ҷаҳон ва кишварҳои ғарбӣ ба ҳамин хотир моро зери фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор додаанд, мо ҳеҷ гоҳ аз усули дини хеш намегузарем", - илова намудааст вазири толиб.

Манбаъ зикр намудаст, ки пас аз тасаллути толибҳо ба қудрат дар Афғонистон макотиби духтарона масдуд шуда, занони корманди идораҳои давлатӣ низ хонашин гардидаанд.
Путин бо Раисӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
Вазорати умури занонро, ки дар бист соли охир ва ҳамзамон бо ишғоли Афғонистон аз сӯи Амрико таъсис ёфта буду фаъолият дошт, толибҳо барҳам доданд.
Номи Вазорати умури занон ба Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар табдил дода шуд.