ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Намояндагони толибон ба нишасти савуми вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон даъват мешаванд, хабар медиҳад ТАСС аз қавли вазири умури хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ.
"Ҳукумати муваққати Афғонистон ба нишасти навбатии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон даъват мешавад", - омадааст дар хабар.
Вазири умури хориҷаи Покистон изҳор доштааст, ки ин кишвар ҷонибдори ҳифзи ҳамкориҳои созанда бо Кобул мебошад.
Гуфта мешавад, нишасти навбатӣ дар Чин баргузор мегардад ва дар кори он Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Нахустин мулоқоти онҳо 8 сентябр дар Исломобод ва дувумӣ 27 октябр дар Теҳрон баргузор шуд, ки тайи ин ду дидор намояндагони толибҳо ҳузур надоштанд.
Дар нишасти охирон вузарои хориҷа бо нашри як баёнияи муштарак ба ташкили ҳукумати фарогир ва мубориза бо терроризм дар Афғонистон даъват карданд.
Онҳо аз толибон хостанд, нагузоранд, ки аз хоки Афғонистон ҳамсоягонаш таҳдид шаванд.